ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе санаи 20 майи соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Суди шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025”, ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Сафаров Ҳикматулло, Юсуфзода Қубод, роҳбарият ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Юсуфзода Қубод ва Сафаров Ҳикматулло оид ба содир шудани ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ва вобаста ба масъалаи вайроншавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе