ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ ГУЛГУЛШУКУФОИИ МЕҲАН
Ваҳдати миллӣ рамзи ободкориву дӯстӣ, кафли пешравии давлату ҷомеа ва заминаи шукуфоии меҳан аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик низ аз ҷумлаи неъматҳои бузург ва ба даст оварданаш дастоварди нодири таърихӣ маҳсуб меёбад
Санаи 25 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди шаҳри Душанбе бо иштироки раиси суд Зикирзода Л.Х., муовини якуми раиси суд Давлатзода С.А., муовинон Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд чорабинии идона таҳти унвони “Ваҳадти миллӣ рамзи гулгулшукуфоии меҳан аст” баргузор гардид.
Маҷлиси идонаро раиси Суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х. ифтитоҳ намуда, сипас, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо навбат ба минбар баромада, вобаста ба ин дастоварди нодири таърихӣ ибрози назар намуданд.
Дар поёни маҷлиси идона раиси суд Зикирзода Л.Х. ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику муборак хонда, барои онҳо саломативу саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдати ҳамешагиро орзу намуданд.
Муҳаммади САФАРЗОД
Корманди дастгоҳи суд