Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Атаханов Чорибой Ҳайитович, Атаханов Муҳаммад Куганович, Кунаев Илҳомҷон Абдураимович, Кунаев Чориёр Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич бароварда шуд.

Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Атаханов Чорибой Ҳайитович, Атаханов Муҳаммад Куганович, Кунаев Илҳомҷон Абдураимович, Кунаев Чориёр Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич бароварда шуд.

Имрӯз, 23 майи соли 2019 аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, дар ҳайати раисикунанда Абдулғанизода А., машваратчиёни халқӣ Қодиров М. ва Мирзоев У., бо котибии Муҳиддинова Ш. дар маҷлиси кушоди судӣ дар бинои суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро  нисбати:

  1. Атаханов Чорибой Ҳайитович, рӯзи таваллудаш 25 январи соли 1996, зодаи ноҳияи Рўдакӣ, миллаташ узбек, таҳсилоташ миёна, ихтисос надорад, оиладор, бе фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, сокини ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Шуриён, бо  моддаҳои 32 қисми 1-4011-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда.
  2. Атаханов Муҳаммад Куганович,  рӯзи таваллудаш 27 ноябри соли 1987, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ узбек, таҳсилоташ олии нопурра, ихтисосҳо таърихи ислом ва дорусоз, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, фурўшандаи дорухона дар ноҳияи Рўдакӣ, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи  ноҳияи  Рўдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Шуриён,  бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда.
  3. Кунаев Илҳомҷон Абдураимович, рӯзи таваллудаш 03 январи соли 1980, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ узбек, таҳсилоташ олӣ, ихтисос омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқ, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Шуриён бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда.
  4. Кунаев Чориёр Джумаевич, рӯзи таваллудаш 10 апрели соли 1993, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ узбек, таҳсилоташ миёна, ихтисос надорад, оиладор, соҳиби 1 фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст истиқоматкунандаи н. Рўдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Шуриён бо  моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбиникарда.
  5. Абдиев Далер Ҷумаевич, рӯзи таваллудаш 25 сентябри соли 1993, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ узбек, таҳсилоташ миёна, ихтисос надорад, оиладор, соҳиби 1 фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи  Рўдакӣ, ҷамоати  деҳоти  Эсанбой, деҳаи Шуриён бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамударо  баррасӣ намуд.

Суд муайян намуд, ки Атаханов Чорибой Ҳайитович  ҷиҳати иштироки ғайриқонунии ў  дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо тайёрӣ дида, Атаханов Муҳаммад Куганович, Кунаев Илҳомҷон Абдураимович, Кунаев Чориёр Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич бошанд, дар бораи ҷинояти махсусан вазнини аниқ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, ҳамчунин  дар бораи шахси аниқ маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ў хабар надоданд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2019 сол Атаханов Чорибой Ҳайитович бо моддаҳои 32 қисми 1-4011-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон;  Атаханов Муҳаммад Куганович,  Кунаев Илҳомҷон Абдураимович., Кунаев Чориёр Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуданд.

Ба  Атаханов  Чорибой Ҳайитович бо моддаҳои 32 қисми 1- 4011-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастрасии моддаи 64-и Кодекси ҷиноятӣ  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин  карда   шуд.

Ба  Атаханов  Муҳаммад  Куганович,  Кунаев Илҳомҷон Абдураимович., Кунаев  Чориёр  Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятӣ  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як солӣ таъин карда шуд.

Тибқи талаботи моддаи 71-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодии ба Атаханов Муҳаммад Куганович,  Кунаев Илҳомҷон Абдураимович., Кунаев  Чориёр  Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич таъингардида шартан татбиқ карда нашуда, ба муддати як солӣ муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.

Атаханов Муҳаммад Куганович, Кунаев Илҳомҷон Абдураимович., Кунаев Чориёр Джумаевич ва Абдиев Далер Ҷумаевич ўҳдадор карда шуданд, ки бидуни огоҳ кардани мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшудагон назорат мекунанд, ба ҷойҳои муайян нарафта, аз тағйир ёфтани ҷойи истиқомат мақомоти мазкурро хабардор намоянд.

Инчунин, фаҳмонида дода шуд, ки нисбат ба ҳукми мазкур дар муҳлати 10 (даҳ) шабонарўз аз вақти эълон карда шуданаш, барои маҳкумшуда Атаханов Ч.Ҳ. бошад, аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

*истифодаи тамоми маводҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.

Cуди шаҳри Душанбе