Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Буриева Бунёда Латифовна ва Эгамов Охунҷон Одилҷонович.

Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Буриева Бунёда Латифовна ва Эгамов Охунҷон Одилҷонович.

Суди шаҳри Душанбе дар маҷлиси кушодаи судӣ 13 марти соли 2019, дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, 13 марти соли 2019, парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Буриева Бунёда Латифовна бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои «в, е, и, л» (одамкушӣ бо куштани шахси дар ҳолати оҷизӣ қарордошта бо бераҳмии махсус бо нияти ғаразнок ва рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он), 244 қисми 4 банди «б» (дуздӣ ба миқдори махсусан калон), 244 қисми 3 банди «а» (ба миқдори калон), 244 қисми 2 бандҳои «а, б, в» (такроран содир намудани дуздӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ки ба шаҳрванд зарири ҷиддӣ расидааст), 165 қисми 1 (Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани ҷиноят бо роҳи ваъда, фиреб, таҳдид ё дигар усул, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида анҷом дода шудааст), 339 қисми 1 (Тасарруфи шиноснома (паспорт) ё дигар ҳуҷҷати муҳими шахсии шаҳрванд), 340 қисми 2 банди “б” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон) ва 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эгамов Охунҷон Одилҷонович, бо моддаи 340 қисми 2 банди “б” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Буриева Бунёда Латифовна дар содир намудани ҷиноятҳои бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои «в, е, и, л», 244 қисми 4 банди «б», 247 қисми 4 банди «б», 340 қисми 2 банди “б”, 165 қисми 1 ва 339 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо бо дастрасии қисмҳои 1 ва 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ба Буриева Бунёда Латифовна ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 23 (бисту се) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ, бо ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғол намудани мансабҳои ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати панҷ сол, таъин карда шуд.

Эгамов Охунҷон Одилҷонович дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин карда шудааст.

Аз ҳисоби маҳкумшуда Буриева Б.Л. ба фоидаи ҷабрдида Абдулмаҷидова Райҳонбегим маблағи зарар ба миқдори 2700 доллари ИМА мутаносибан бо пули миллӣ бо қурби он дар рӯзи содир шудани ҷиноят, рӯёнда шудааст.

Аз ҳисоби судшаванда Буриева Б.Л. ба фоидаи ҷабрдида Қарахонова Лутфия маблағи зарар ба миқдори 327000 рубли русӣ мутаносибан бо пули миллӣ бо қурби он дар рӯзи содир шудани ҷиноят, рӯёнда шудааст.

Аз ҳисоби судшаванда Буриева Б.Л. ба фоидаи ҷабрдида Саидов Акрам маблағи зарар ба миқдори 800 сомонӣ, рӯёнда шудааст.

 

Хабари суди шаҳри Душанбе