Ҳукми суд нисбати собиқ директори КВД “Сохтмони манзили дастрас”

13 феврали соли 2020 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати

  1. Наимов Нур, 10 марти соли 1957 рӯзи таваллудаш, зодаи шаҳри Бохтар, миллат тоҷик, таҳсилоташ олии техникӣ, ҷои кор собиқ директори КВД “Сохтмони манзили дастрас”, оиладор соҳиби 4 фарзанд, пеш суд нашудааст, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе кўчаи М. Турсунзода 171/
  1. Раҷабов Рустамҷон Шодмонбекович бо  моддаҳои   245  қисми   4  банди   “б”,    246    қисми    3   банди  “б”,    247   қисми   4  банди  “б”,   340  қисми  2  бандҳои “а,б,в” ва 262 қисми 3 банди “б”, 264 қисми 1 ва 279 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон,
  1. Раҷабова Маҳингул Холмуродовна бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Расулов Хуҷамқул Ҳабибуллоевич бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  1. Алиев Сахидод Ғаниевич бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Хоҷаев Хуршед Чиллаевич бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дида баромада, бо ҳукми суд-

Наимов Нур бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”, 319 қисми 4 бандҳои “а,в,г”, 323 ва 262 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон, Раҷабов   Рустамҷон Шодмонбекович бо  моддаҳои  245  қисми  4  банди “б”, 246    қисми  3 банди  “б”,  247 қисми 4  банди  “б”,  340  қисми  2  бандҳои “а,б,в”, 262 қисми 3 банди “б”,  279 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабова Моҳингул Холмуродовна бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулов Хуҷамқул Ҳабибуллоевич бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Сахидод Ғаниевич бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷаев Хуршед Чиллаевич бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,в”КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуданд.

Ба Наимов Нур мутобиқи моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиннамуда, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 21 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар хизмати давлатӣ ва ба муносибатҳои пулӣ-молӣ алоқаманд ба мўҳлати 5 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзўр таъйин карда шуд.

Ба Раҷабов Рустамҷон Шодмонбекович мутобиқи моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиннамуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 14 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва вазифаҳои ҷавобгарии моддидошта ба мўҳлати 5 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзўр таъйин карда шуд.

Мутобиқи моддаи 67 қисми 6-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазои бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2019 таъйиншуда, ба Раҷабов Р.Ш. ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва вазифаҳои ҷавобгарии моддидошта ба мўҳлати 5 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзўр таъйин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 7 сархати 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019 «Дар бораи авф» муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Раҷабов Р.Ш. аз се як ҳисса кам карда шуд.

Ба Расулов Хуҷамқул Ҳабибуллоевич мутобиқи моддаҳои 67 қисмҳои 3, 5 ва 69 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиннамуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 10 сол ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100.000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва вазифаҳои ҷавобгарии моддидошта ба мўҳлати 5 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзўр таъйин карда шуд.

Ба Хоҷаев Хуршед Чиллаевич мутобиқи моддаҳои 67 қисмҳои 3, 5 ва 69 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиннамуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол ва ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 73.000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва вазифаҳои ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати 5 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзўр таъйин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 7 сархати 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019 “Дар бораи авф” муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Хоҷаев Х.Ч. аз се як ҳисса кам карда шуд.

Мутобиқи моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҷабова Моҳингул Холмуродовна аз рўи маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиннамуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти масъулияти моливу пулӣ дошта дар ташкилоту корхонаҳои давлатӣ  ба муҳлати 3 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми умумӣ таъйин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 7 сархати 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019 “Дар бораи авф” муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Раҷабова М.Х. аз се як ҳисса кам карда шуд.

Ба Алиев Сахидод Ғаниевич бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти масъулияти моливу пулӣ дошта дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон ба муҳлати 3 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми пурзўр таъйин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 7 сархати 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019 “Дар бораи авф” муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Алиев С.Ғ. аз се як ҳисса кам карда шуд.

Молу мулки мансуб ба маҳкумшудагон Наимов Н., Раҷабов Р.Ш. ва Раҷабова М.Х. ки  дар рафти тафтиши пешакӣ муайян ва бо қарорҳои судӣ ба ҳабс гирифта шудаанд, ба ҳабс гузошта шудаанд, бо риояи талаботи моддаи 57 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат мусодира карда шуданд.

Ҳамзамон бо ҳукми суд аз ҳисоби маҳкумшудагон зарари молиявӣ дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда ба манфиати ҷабрдидагон, рӯёнида шуд.

Қайд карда мешавад, ки нисбат ба ҳукм дар сурати норозӣ будан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

*истифода намудани тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе