Ҳукми айбдоркунанда нисбати зани қаллоб бетағйир гузошта шуд — Суди шаҳри Душанбе

10.07.2019, 15:42

Имрӯз, дар суди шаҳри Душанбе аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Раисикунанда Бобохонзода А., судяҳои суди шаҳри Душанбе Мусобекзода Т. ва Нарзуллозода Ш. шикояти кассатсионии маҳкумшуда Сайфулаева Дилором Қодировна, ки бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 23 апрели соли 2019 барои содир намудани маҷмуи ҷиноятҳо бо моддаҳои 247 қисми 4 банди  “б” (қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ ба миқдори калон), 3381 қисми 2 бандҳои “а,б” (ғайриқонуни додани қитъаи замин, ки агар ин кирдор аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз ваколати мансаби содир шуда бошад) ва  340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, ки такроран, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифода аз техникаи компютерӣ содир шуда бошад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ба Сайфулаева Дилором Қодировна  ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ба муҳлати 5 (панҷ) сол, таъин карда шудааст, баррасӣ карда шуд.

Коллегияи судӣ муайян кард, ки Сайфулаева Д.Қ. бо маслиҳати пешакӣ бо Гулова Д.Б., аз аввалҳои моҳи феврали соли 2017, бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкӣ ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифода боварӣ, дар як лаҳза бо шаҳрвандон шиносоӣ пайдо намуда, худро корманди Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе, шахсе ки масъалаҳои қитъаи заминро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳал мекарда бошад муаррифӣ намуда, ин нафаронаро ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, минтақаи 13 бурда, қитъаҳои замини холиро дар ин минтақа пешкаш карда дарҷ менамояд, ки бар ивази маблағи пулӣ барояшон қитъаи замини назди ҳавлигӣ ҳуҷҷат омода намуда, ҷудо намуда медиҳад. Бо ин баҳона ва бо роҳи фиреб Сайфулаева Д.Қ. ба шаҳрвандон зарар ба миқдори махсусан калон расонида, барояшон ягон корро ба анҷом нарасонидааст.

Сайфулаева Д.Қ. бо Гулова Д.Б. аз шаҳрвандон аз рӯи маслиҳати пешакӣ ва бо роҳи қаллобӣ маблағҳои пулӣ гирифта, аз рўи маслиҳати пешакӣ мактуб-хабарнома аз номи Раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе, дар хусуси дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар навбати гирифтани қитъаи замини назди ҳавлигӣ буданро тариқи техникаи компютерӣ нусхабардорӣ ва дар номи ҷабрдидаҳо сохтакорӣ намуда, ба ҷабрдидагон додааст, ки ин ҳуҷҷати расмии ҳуқуқдиҳанда дар хусуси гирифтани қитъаи замин мебошад. Сайфулаева Д.Қ. кирдорҳои сохтакоронаашро идома дода, сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи заминро ба воситаи “Шуҳрат” ном шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо истифода аз техникаи компютерӣ сохтакорӣ намуда, онҳоро ба ҷабрдидагон додааст, ки ин ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда мебошанд ва мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ-техникӣ криминалистии ҳуҷҷатҳо таҳти №125 аз 14 феврали соли 2019 ҳуҷҷатҳои ба ҷабрдидагон додаи Сайфулаева Д.Қ. ва Гулова Д.Б. бо истифодаи техникаи компютерӣ сохтакорӣ шудаанд.

Бо ҳамин роҳ онҳо чандин шаҳрвандонро фирефтаи доми худ карда, аз онҳо маблағҳои калони пулӣ тасарруф намуданд.

Гунаҳгории маҳкумшуда дар содир кардани ҷинояти мазкур  бо маводҳои парвандаи  ҷиноятӣ, ки дар мурофиаи судӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, исботи худро ёфтааст.

Чунончӣ: гузориши кормандони милитсия (саҳ. 3), аризаҳои ҷабрдидаҳо (ҷ.1, саҳ. 4, 15, 24, 35, 146, 174, ҷ.2, саҳ. 22, 66, 92, 112, 144, 172, 190, 209, 220, 234, 250, ҷ.3, саҳ. 5, 39, 71, 88, 106, 123), протоколҳои пурсиши ҷабрдидаҳо, протоколҳои пурсиши шоҳидон, протоколҳои рўбарўкунии судшавандагон Гулова Д.Б. ва Сайфулаева Д.Қ., ки нишондодҳои якдигарро тасдиқ намуданд (ҷ.2, саҳ.154-164),  забонхатҳои судшаванда, бо протоколҳои кофтукови манзили истиқоматии Сайфулаева Д.Қ., ки дар асоси он шиносномаҳои аз ҷабрдидагон  аз манзили истиқоматии мазкур ёфта гирифта шудаанд (ҷ.1, саҳ.52-87), протоколи гирифт оиди гирифти маблағҳои пулӣ аз судшаванда Сайфулаева Д.Қ. бо мақсади барқарор намудани зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда (ҷ.1,саҳ.89,ҷ.4, саҳ.203), протоколи азназаргузаронӣ (ҷ.3, саҳ. 118-120, ҷ.4, саҳ. 43-47), протоколҳои санҷиши нишондоди ҷабрдидагон Қодирова О.Ҳ., Пиров С.Н., Беков Р.А., Маҳмадуллои С., Ниёзов Қ.Ҳ., Абдураимов А.Х., Амиров Х.Б. ва Эшонов Т.З. дар ҷои ҳодиса, ки ҳолатҳои корро пурра тасдиқ менамоянд дар ҷои ҳодиса (ҷ.4, саҳ. 125-159), бо протоколи рубарукунии байни Юнусов Қ.К. ва Сайфулаева Д.Қ., ки нишондодҳои якдигарро тасдиқ намудаанд (ҷ.3, саҳ.216-231), бо хулосаи экспертизаи судӣ-техникӣ криминалистии ҳуҷҷатҳо таҳти №125 аз 14-уми феврали соли 2019, ки ҳолати сохтакорӣ будани ҳуҷҷатҳо: хабарномаҳо аз номи раиси кумитаи заминсозӣ, сертификатҳои ҳуқуқи истифоди замин, иҷозатномаҳо барои иҷрои омодакунӣ, сохтмонӣ-васлкунӣ, бо истифода аз техникаи компютерӣ, ки аз манзили истиқоматии Сайфулаева Д.Қ. ёфта гирифта шудааст,  тасдиқ мекунад (ҷ.4, саҳ. 216-218), қарори эътирофи далелҳои шайъӣ аз 15 феврали  соли 2019, ки тибқи он ҳуҷҷатҳо аз қабили хабарномаҳо аз номи раиси кумитаи заминсозӣ, сертификатҳои ҳуқуқи истифоди замин, иҷозатномаҳо барои иҷрои омодакунӣ, сохтмонӣ-васлкунӣ, ки аз манзили истиқоматии Сайфулаева Д.Қ. ёфта гирифта шудааст, ҳамчун далели шайъӣ эътироф шуда, дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шудаанд (ҷ.5, саҳ.1-5).

Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2019 ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 23 апрели соли 2019 нисбати Сайфулаева Дилором Қодировна бетағйир ва шикояти кассатсионии ӯ беқаноат гузошта шуд.

Суди шаҳри Душанбе