Ҳукм нисбати Ҳасанов Суҳроб Сафармамадович барои содир намудани маҷмуи ҷиноятҳо
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Бобохонзода Асомуддин, машваратчиёни халқӣ Қодиров М ва Забирова М., бо котибии Назарзод Ҷовидон, бо иштироки прокурор Қосимов О., бо иштироки химоятгар Мирзоева М.В, 27 майи соли 2019 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро бо айбдории:
Ҳасанов Суҳроб Сафармамадович, рӯзи таваллудаш 09 феврали соли 1991, зодда ва сокини Ҷамоати деҳоти Саричашма, деҳаи Одинабойи ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаблан суд нашудааст, оиладор, муваққатан бекорро,
- бо моддаҳои бо моддаҳои 4011 , 307 3 қисми 2 ва 32 қисми 3-335 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда муайян кард:
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2015 “Давлати исломии Ироқу Шом” ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Аммо судшаванда Ҳасанов С.С., дар ҳолатҳои зерин ба содир намудани ҷиноятҳои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, сўиқасди ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатӣ, машғул гардидааст.
Чунончӣ, Ҳасанов С.С. баъди қабул намудани ақидаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломии Ироқу Шом” (минбаъд ТЭТ “ДИИШ”) тахминан моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино бо роҳи бурдани ташвиқоти ақидаҳои ифротии ТЭТ «ДИИШ» тавассути наворҳои даъватии дар телефони мобилиаш буда ва ваъдаи соҳиб шудани автомашинаҳои гаронарзиш аз ҷониби роҳбарони ташкилот дар вақти иштирок дар ҷиҳод, Абдуназарзода Сафармуҳаммад Саидхон, Файзуллоев Ҳоҷимуҳаммад Мансурович, Қурбонов Мустафо Ҳамидҷонович ва Давлатов Ҳабибулло Бахтиёровичро ба ТЭТ «ДИИШ» шомил намуд. Дар ин давом, ў аз барномаи интернетии «Телеграмм» наворҳои нави амалиётҳои ҷангии аъзоёни ТЭТ «ДИИШ»-ро дар ҳудуди Ҷумҳуриҳои Сурия ва Ироқ дар телефони мобилаш сабт намуда, онҳоро мунтазам тавассути барномаи «ShareIt» ба телефони мобилии тамғаи Абдуназарзода С.С. гузаронида, бо ин роҳ дар шуур ва иродаи ў ақидаҳои ифротии ташкилотро ҷой намуд.
Рӯзи 23 марти соли 2018 Ҳасанов С.С. ноболиғон Қурбонов М.Ҳ. ва Давлатов Ҳ.Б-ро гирифта, якҷоя бо мақсади ҷиҳод намудани ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтан тавассути автомашинаҳои кироя ба Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин рафта, аз он ҷо ба самти дидбонгоҳи сарҳадии Баҳорак рафтаанд. Дар роҳ бемории ҷоғари Қурбонов М.Ҳ. авҷ гирифта, онҳо баргашта ба шаҳри Душанбе омадаанд.
Ҳасанов С.С. бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 4011 , 307 3 қисми 2 ва 32 қисми 3-335 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуда, худашро дар рафти мурофиаи судӣ пурра иқрор ҳисобида, нишондоди худиқрорӣ дода бошад ҳам, ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ бо дигар маводи парвандаи ҷиноятӣ исботи пурраи худро ёфтаанд.
Дар асоси ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 27 майи соли 2019 Ҳасанов Суҳроб Сафармадович бо моддаҳои 4011, 3073 қисми 2 ва 32 қисми 3-335 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуд.
Ба Ҳасанов Суҳроб Сафармадович бо моддаи 401 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 (сенздаҳ) сол,
-бо моддаи 307 3 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол,
-бо моддаҳои 32 қисми 3- 335 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, таъйин карда шуд.
Дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳасанов Суҳроб Сафармадович аз рўи маҷмуи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ 14 (чордаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шуд.
Ҳамчунин фаҳмонида дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати даҳ шабонарўз аз ҷониби Ҳасанов С.С., аз рўзи ба ў супорида шудани нусхаи ҳукм ва ҷониби дигар тарафҳо дар ҳамин мўҳлат аз рўзи эълон шудани ҳукм ба воситаи ҳамин суд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.
*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.
Суди шаҳри Душанбе