УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД БАРОБАРАНД
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи падару модар ин таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Пеш аз он, ки мо ба мавзӯи мазкур равшанӣ андозем аввал мафҳуми таълим ва тарбияро шарҳ медиҳем. Мафҳуми калимаи таълим ин раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию чисмонии кӯдак буда мафҳуми калимаи тарбия бошад ин раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ояндаи ин миллату давлат аз таълиму тарбияи фарзандон ва насли наврас вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, волидони имрӯзаро зарур мебояд сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, пайваста дар талош бошанд, ки фарзандони худро ба роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, анҷоми амалҳои тақдирсоз, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагӣ ҳидоят намуда онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси меҳнатдӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд.
Пеш аз ҳама масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зерин дарҷ гардидааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаи муҳим ва доғи рӯз дар чанд соли охир гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта санаи 2 августи соли 2011, бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, ифтихори ватандорӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда иборат буда тибқи он таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд буда давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар асоси моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модар дар тарбия ва таълими фарзанд уҳдадориҳои зерин доранд:
ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузошта пас аз таваллуд ӯро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намуда ӯро ба зиндагии мустақилона омода намоянд; фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд; аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд; ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактаби шароит фароҳам оварда ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд; риояи пушидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд; дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактаби бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд ва ғайра.
Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад. Тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд: “Фарзанд азиз аст, лекин одабаш аз он азизтар”.
Кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе:
Раҷабализода Ёқубҷон
Сафаров Ҳикматулло