Тамошои дастаҷамъонаи ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суди шаҳри Душанбе

Имрӯз, 21 декабри соли 2021 дар толори  маҷлисгоҳи  суди шаҳри Душанбе тамошои дастаҷамонаи ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини якуми раис Холиқмуродзода Д.А., муовинони раис Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода М.Ф., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Суратгузориш  аз ҷараёни тамошои дастаҷамъона

 

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе