Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон
Ҷавонони ғаюру далери кишвар!
Фарзандони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, орзуманди саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳоятон ҳастам.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.
Имрӯз онҳо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд менамоянд ва дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро карда истодаанд.
Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки наслҳои ояндасози халқи тоҷик ойини ҷавонмардӣ ва ватандӯстиву ватандориро мояи ифтихори худ мешуморанд ва ҳар як ваҷаби хоки Тоҷикистони азизро муқаддас меҳисобанд.
Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд.
Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад.
Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош ҳастанд, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд.
Солҳои охир ҷавонони мо бо дарки аҳаммияти варзиш ҳамчун омили муҳимтарини пешбурди тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин ҷода пайваста талош мекунанд.
Боиси хушҳолист, ки дар байни ҷавонони тоҷик хислатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ торафт бештар густариш меёбанд.
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир аз ҷавонони кишвар талаб менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.
Онҳо бояд эътимод дошта бошанд, ки бо амалишавии ҳадафҳои стратегии миллиамон пешрафти кишварамон таъмин гардида, ҳамаи шароиту имкониятҳои зарурӣ барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди мамлакат ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон фароҳам оварда мешаванд.
Эътимоди комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд.
Инчунин бовар дорам, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.
Рӯзи ҷавонон муборак бошад, фарзандони азиз!