Табрикот вобаста ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият ва кормандони суди шаҳри Душанбе тамоми хизматчиёни ҳарбиро ба фарорасии 27-умин солгарди «Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод намуда, ба якояки онҳо тандурустӣ, саодати рӯзгор, садоқат ба Ватан ва халқу миллат дар фаъолияти кориашонро таманно доранд.

Таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди истиқлолият буда, тӯли ин солҳо ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфта, садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намудааст. Ин дастоварди беназир тавассути сиёсати пайвастаи хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу суботи Ватани азизамон ва пойдории истиқлолияти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб рафта, бигузор Артиши миллӣ дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи Модар-Ватан ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода ва зафарёб бошад.

Суди шаҳри Душанбе