ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси суд Зикирзода Л.Х., муовини якуми раиси суд Қурбонзода К.Р., муовнинони раиси суд Мустафозода Ш. ва Раҳмонзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир карда шуд.
Раиси суд Зикирзода Л.Х. вобаста ба мақоми Зан-Модар дар ҷомеа иброз дошт, ки занону модарон равзанаи муҳаббату садоқат, дунёи саодат ва сардафтари зиндагии инсоният мебошанд. Вақте, ки лафзи модарро ба забон меорем, аллакай пеши назарамон симои азизтарин ва зеботарин шахсе, ки вуҷудаш пур аз шӯълаи ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ба фарзанд аст, намудор мегардад. Чеҳраи гарму пур аз нури модар мисоли хуршеди ҷаҳонтоб аст, ки бо меҳру муҳаббат ва самимият қалбҳоро ба худу зиндагӣ дилгарм месозад.
“Зан-модар дар ҷомеаи мо нақши асосӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарбахш намуда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд. Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик имрӯз дар пешрафти ватани азизамон камар баста, дар радифи мардони меҳан бар миллату давлат хидмат менамоянд”, — иброз намуд Раиси суд Лоиқ Зикирзода.
Сардори шуъбаи коргузории Суди шаҳри Душанбе зимни баромад иброз намуд, ки “воқеан ҳам, модари тоҷик барои миллати тоҷик мардони асилу ватандӯстор ба дунё оварда, бо маърифату хиради хеш онҳоро ба камоли бузургиву инсонӣ оварда расонидааст. Модари тоҷик худ қаҳрамон аст, ки қаҳрамонҳоро ба дунё овардааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Занону модарони мамлакат қувваи бузург ба ҳисоб рафта, бо донишу маърифати худ метавонанд дар пешрафти ҷумҳурӣ ҳисса худро гузоранд.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат барои ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ тадбирҳо андешида, ин ҳадафро густариш медиҳад.
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти суд занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Муҳаммади Сафарзод
Корманди дастгоҳи суд