Суратгузориш: Суханронии намояндагони суди шаҳри Душанбе тариқи Радио
Санаи 30 апрели соли равон кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д., ва Муҳаммади Сафарзод бо мақсади фаҳмондадиҳии қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ алайҳи муқовимат бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, коррупсия ва амсоли инҳо дар пахши мустақими “Радиои садои Душанбе” суханронӣ намуданд.