Суди шаҳри Душанбе – Баргузории намудани шанбегӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд.

Имрӯз, 20 апрели соли 2019 рӯзи шанбе, дар асоси Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе чун ҳар ҳафтаина дар рӯзи шанбе дар бинои Суди шаҳри Душанбе кормандони дастгоҳи суд ҳашар баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе ба корҳои ободонӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд ва шинонидани гулҳои ороишӣ машғул гардиданд.

Суди шаҳри Душанбе