Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Носиров Тоҷиддин Насриддинович
Суди шаҳри Душанбе 08 майи соли 2019 дар маҷлиси кушоди судӣ парвандаи ҷинотиро дар ҳайати Раисикунанда Саидшозода З., бо котибии Аҳмадзода А., бо айбдории Носиров Тоҷиддин Насриддинович, рӯзи таваллудаш 15 ноябри соли 1982, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Қаҳлон, миллаташ тоҷик, таҳситолаш миёнаи асосӣ, оиладор, соҳиби 2-фарзанд, мувақатан бекор, ихтисос надорад, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ айб эълон карда шудааст баррасӣ намуда, муайян кард.
Носиров Тоҷиддин Насриддинович тахминан моҳҳои август–сентябри соли 2016 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсия Руссия сафар намуда, дар бозори Садоводи шаҳри Москва дар қатори «Б» ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул шудааст. Баъд аз ин, Носиров Т.Н. ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул буданаш дар бозори Садовод бо аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати Исломӣ» Саторов Дилшодҷон Очилдиевич шинос шуда, вобаста ба дуруст будани амалҳои содирнамудаи аъзоёни ТТЭ «Давлати Исломӣ» дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ироқ суҳбат намудаанд. Сипас Саторов Д.О. бо мақсади зиёд намудани сафи аъзоёни ТТЭ “Давлати Исломӣ” ба ҷалб кардани Носиров Т.Н. ба ТТЭ “Давлати Исломӣ” машғул шудааст. Пас аз ин, Саторов Д.О. бо мақсади бовар кунонидани Носиров Т.Н. вобаста ба дуруст будани ғоя ва мақсадҳои ТТЭ “Давлати Исломӣ” бо истифода аз телефони мобилиаш видеоҳо ва аксҳои ташкилоти мазкуро ба Носиров Т.Н. нишон дода, охиринро барои тамошо кардани видеонаворҳои аъзоёни ТТЭ «Давдати Исломӣ» ва гӯш кардани дарсҳои ақидавӣ дар барномаи ичтимоии «ZELLO» дар гуруҳҳои «Роҳнамо ба сӯӣ Хилофати исломӣ», «Новый Таджикистон 2» ва «Политика и религия» даъват намудааст. Пас аз ин Носиров Т.Н. дар навбати худ бо мақсади таъмин намудани иштироки худ дар фаъолияти ТТЭ «Давлати Исломӣ» ва минбаъд тамошо кардани видеонаворҳо ва хабардор шудан аз фаъолияти ТТЭ «Давлати Исломӣ» ба маблағи 5000 ҳазор рубли русӣ телефони мобилии тамғаи «Lenovo К 900», рангаш сиёҳро харидори намудааст. Пас аз ин, Носиров Т.Н. бо кӯмаки Саторов Д.О. ба телефони мобилии дастрас намудааш барномаи интернетии «ZELLO»-ро насб карда, бо мақсади дур мондан аз назорати кормандони ҳифзи ҳуқуқ худро бо номҳои мустаори «Абу Умар» ва «Абу Ҷулайби» ба қайд гирифта, дар каналҳои «Роҳнамо ба сӯӣ Хилофати Исломӣ», «Новый Таджикистан 2» ва “Политика и религия», ки аъзоёни ТТЭ «Давлати Исломӣ» бо номҳои мустаори “Абу Уссомаи Норакӣ”- Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, “Шаҳомат” Давлатов Умед Фаридунович ва “Муовия” -Шафиев Сайвалӣ Боронович дарсҳои ақидавиро вобаста ба дуруст будани анҷом додани ҷиҳод ва ғояҳои ТТЭ «Давлати Исломӣ» мегузаштан, фаъолона иштирок карда, гӯш кардааст.
Ҳамин тариқ, Носиров Т.Н. баъди гӯш кардани амри маъруфҳо ва аз худ кардани мақсад ва ғояҳои ТТЭ “Давлати Исломӣ” бо мақсади ба пуррагӣ иштирок кардан дар фаъолияти ТТЭ “Давлати Исломӣ ”ба номи Халифаи «Давлати Исломӣ» «Абубакр ал-Бағдодӣ» байъат бо чунин матн қабул намудааст «Ман Носиров Тоҷиддин Насридинович, байъат мекунам ба «Абубакри Бағдодӣ-Ал-Ҳусайнӣ- Ал-Қурайшӣ»,ки то дами марг амри аз ҷониби ӯ додашударо иҷро кунам то вақте, ки ба куфр даъват накунад». Сипас Носиров Т.Н. моҳи ноябри соли 2017 аз Федератсия Руссия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар шаҳри Ваҳдат интизори аъзоёни дигари ТТЭ “Давлати Исломӣ” шудааст.
Дар таърихи 21 феврали соли 2019 ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Носиров Т.Н. аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Худи ҳамон рӯз ҳангоми азназаргузаронии шахсии Носиров Т.Н. аз охирин телефони мобилии тамғаи «Lenovo К 900», рангаш сиёҳ ёфта, гирифта шудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии мазкур аз дохили он видеонаворҳо, аксҳои мансуб ба ТТЭ «Давлати Исломӣ» ва суҳабтҳои Носиров Т.Н. бо аъзоёни ТТЭ «Давлати Исломӣ» дар барномаи ичтимоии «Зелло» ёфта гирифта шудааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 08 майи соли 2019 Носиров Тоҷиддин Насриддинович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.
Суди шаҳри Душанбе