СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН

Яке аз самтҳои фаъолияти давлатро дар ҳама давру замон ин кор бо ҷавонон, аниқтараш сиёсати давлатӣ оиди кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Зеро ҷавонон қуввае мебошанд, ки ояндаи давлат ва тақдири миллат ба души онҳо вогузор мегардад, таъмини амну субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, иштирок дар раванди идоракунии давлатӣ ва баамалбарории сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдор масъулияти онҳо мегардад. Бо ҳамин мақсад дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, миллатдўстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу таърих ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷамъият, ташкил намудани мақомоти гуногуни давлатӣ, ки самти фаъолияти онҳоро кор бо ҷавонон ташкил медиҳад, яке аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб меёбанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ назар ба ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, онҳо қувваи бузурги давлатӣ ҳисоб меёфтанд, ки дар ҳама маврид давлат ба онҳо такя карда метавонист. Яке аз соҳаҳои фаъоли ҷамъиятӣ ва ё мактаби омодасозии кадрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ва сиёсӣ обутобёфта, ин соҳаи кор бо ҷавонон бо унвони «Комсомол» ба ҳисоб мерафт. Комсомол (Комунистический союз молодеж) ягона низоме буд, ки ҳамчун ниҳоди фаъоли ҳизби коммунистӣ ба омодасозӣ ва таъмини кадрҳои болаёқат ва ватандўст барои давлати Шӯравӣ хизмат мекард.

Баамалбарории сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон аз давраи Шӯравӣ манша гирифт ва чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 14 давлати дигар аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, дар асоси ин қолаб баъди пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ, сиёсати нави далатиро дар ин самт роҳандозӣ намуд. Тазаккур додан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти идоракунии демократиро интихоб намуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комсомол аллакай бо он мувофиқат намекард, бинобар ин Ҳукумати тозабунёди Тоҷикистон кушиш намуд, ки сиёсати давлатии ҷавононро бо дарназардошти реҷаи нави давлатдорӣ ва ҳамчун як давлатӣ аз ҷиҳати сиёсӣ комилҳуқуқ ба амал барорад. Қадами аввалин барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ин танзими ҳуқуқии ин соҳа ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида, дар он мақомоти гуногуни давлатӣ дар татбиқи ин сиёсат ваколатдор карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон таваҷҷўҳ ва ғамхории падарони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон нақши бориз гузошт, зеро аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид, ки Президенти кишвар нисбат ба ин қишри ҷомеа боварӣ дорад ва ба онҳо такя менамояд. Новобаста аз сахтию мушкилӣ ва нокомиҳои пай дар пайи пешомада, Пешвои муаззами миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод ва кушиш мекард, ки бо онҳо вохӯрӣ намуда, ҷонисории ҷавонмардони халқи тоҷикро барои ҳифзи марзу буми ватан дар замонҳои гузашта ва рисолати ҳар як ҷавони бо нангу номуси замони муосирро дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддум ва фарҳанги миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан шарҳу тавзеҳ дода, мавқеи онҳоро дар ҷамъият баланд бардорад.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти сиёсӣ ва беҳтар гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар 17-уми марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Сарвари кишвар, ки он вақт Раиси Шўрои Олӣ буданд, бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардида буд. Чорабинии мазкур дар шароите баргузор гардида буд, ки сохторҳои идоракунии давлатӣ дар ҳоли ташаккул қарор доштанд ва мамлакат дар оғуши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ба ин сахтиҳо нигоҳ накарда, бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек, дастёбӣ ба мустақилият ва баланд гардонидани ҳуввияти миллӣ Сарвари давлат бо ҷавонон мулоқот карданд. Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷўҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардида, мувофиқан ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, маҳфилҳо ва гурўҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд.

Дар солҳои минбаъда мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва маҳз дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин кўшиш хусусияти устуворӣ касб намуда, дар ҳаёти ҷавонони мамлакат саҳифаи нави таърихӣ боз гардид ва насли ҷавон дар симои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро ёфтанд. Дар санаи 16-уми майи соли 1998 мулоқоти сеюми Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони кишвар баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба илму маърифат, нақши ҷавонони бомаърифату кордон дар бунёди давлат, дастовардҳои фарзандони фарзонаи тоҷик, истиқлолият ва мероси фарҳангию таърихӣ, забони давлатӣ, сулҳу ваҳдату ягонагии миллат баррасӣ гардид. Дар ҷараёни он Сарвари давлат доир ба масъалаҳои таҳияи консепсия оиди сиёсати ҷавонон, Барномаҳои миллии ҷавонон, эълони рўзи ҷавонон (23-юми май) ва дигар чораҳо вобаста ба пешгирии нашъамандии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани рушди соҳибкорӣ дастурҳо доданд.

Дар даврони соҳибистиклолӣ оиди соҳаи ҷавонон, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад, моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буданд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо — ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.

Бо ин мақсадҳои наҷиб санадҳои гуногун аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми майи соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 1997 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон», Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», ки механизми амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мерафт, Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13-уми марти соли 1992 қабул карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» соли 2004 дар таҳрири нав қабул гардид. Қонуни аввал қабулгардида мақсадаш танҳо дар самти дастгирии ҷавонон равона гардида буд ва бо фарқият аз он Қонуни дар таҳрири нав қабулгардида ба он асос меёбад, ки акнун объекти қонунро дар баробари сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин худи ҷавонон низ ташкил медиҳанд. Ин шаҳодати он аст, ки бартарият ба соҳаи ҷавонон ҳамчун низоми сиёсӣ ва пуриқтидор дода шуда, дигар соҳаҳо ба он зам карда шудаанд. Ҳамоишҳои мазкур бори дигар дар зери таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштани ҷавононро собит месозад. «Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст» — қайд мекунанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ин ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш эҳтимол аст.

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳар давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллат аз онҳо вобастагии калон дорад. Ҳукумати кишвар низ барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро кабул намуд, ки барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани ҷавонон шароити васеъ фароҳам меорад. Махсусан эълон гардидани соли 2017 соли «Ҷавонон» аз таваҷҷўҳи хоси Президенти кишар нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳад. Инчунин баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, боистеъдоду соҳибкасб равона гардидаанд, ҳамзамон муқаррар намудани стипендияҳои Президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, ҷалби ҷавонон дар фаъолияти идоракунии давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки тавассути он ташаккули донишу маърифати насли ҷавон, дастарсӣ ва қобилияти кор карда тавонистан бо техникаҳои гуногуни замонавӣ ба даст омада, инкишофи донишҳои техникии ҷавонон ва раванди истеҳсолот ва ихтирооти техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад – ин ва як қатор тадбирҳои дигар шоҳиди гуфтаҳои боло мебошанд.

Дар борбари ин сол аз сол сафи ҷавонон дар дар мақомоти гуногуни давлатӣ зиёд гардида истодааст. Дар байни ҷавонон диққати бештар ба ҷавондухтарон низ дода мешавад, ки дар даробари мардон аз ҳисоби ҷавонзанон ба мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ кадрҳои лаёқатманду забондон таъин карда мешаванд. Иштироки ҷавонондухтаронро дар тамоми мақомоти давлатӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумла, яке аз мақомоте, ки дар он нисбат ба занон ва духтарон таваҷҷӯҳи бештар равона карда шуда, дар солҳои охир аксаран аз ҳисоби ин қишри ҷомеа кадрҳо интихоб ва ба мансабҳои давлатӣ ба кор таъин карда мешаванд, ин мақомоти судӣ мебошад. Дар самаранокии фаъолияти ин мақоми бонуфузи ҳокимияти давлатӣ саҳми ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарон бенияҳот зиёд назаррас аст. Имрӯз дар мансабҳои гуногуни ҳокимияти судӣ – аз мансабҳои роҳбарикунанда то ба мансабҳои хизмати давлатии дастгоҳҳои мақомоти судӣ ҷавонони лаёқатманд кору фаъолият намуда, дар таъмини функсияи асосии ин мақоми давлатӣ – таъмини адолати судӣ саҳм гузошта истодаанд.

Дар маҷмӯъ ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки ҷавонон ва масъалаи ба онҳо алоқаманд дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Чунки, маҳз ҷавонони эҳсоси ватандўстиашон баланд, метавонанд, пешбаранда ва ҳимоятгари асили кишвар бошанд ва ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои он мусоидат намоянд. Бинобар ин рисолати ҳар як ҷавони ватандӯст аз талоши шабонарӯзӣ намудан барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои даққиқ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, кушиши кашф намудани ихтирооти наву замонавӣ ва ниҳоятан расидан ба қадри неъматҳои истиқлолияти давлатӣ, дастгирии давлатӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.

 Акобирова С.С. – котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе.

 Аъзамова Ф.С. – котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе.