Баргузории намудани шанбегӣ дар суди шаҳри Душанбе

Суди шаҳри Душанбе – Баргузории намудани шанбегӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд.

Имрӯз, 13 июли соли 2019 рӯзи шанбе, дар асоси Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе чун ҳар ҳафтаина дар рӯзи шанбе дар бинои Суди шаҳри Душанбе кормандони дастгоҳи суд ҳашар баргузор намуданд.

Шанбегӣ дар суди шаҳри Душанбе

Шанбегӣ дар суди шаҳри Душанбе

Шанбегӣ дар суди шаҳри Душанбе

Шанбегӣ дар суди шаҳри Душанбе

Дар шанбегии мазкур, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе ба корҳои ободонӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд ва шинонидани гулҳои ороишӣ машғул гардиданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе