Баргузор намудани шанбегӣ дар суди шаҳри Душанбе.

Имрӯз, 6 марти соли 2021 дар асоси Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе чун ҳар ҳафтаина дар рӯзи шанбе дар бинои суди шаҳри Душанбе роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе ба корҳои ободонӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд, рангу бор ва шинонидани гулҳои ороишӣ машғул гардиданд.

Кормандони дастгоҳи суд дар шанбегӣ

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе