БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз, 3 сентябри соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе бахшида ба сазовор таҷлил гирифтани 31 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи шанбе дар бинои суди шаҳри Душанбе аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе ба корҳои ободонӣ, таъмир, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд ва рангу бор машғул гардиданд.

САИДҚОИМ ДАВЛАТҚАДАМОВ
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ