Омодагии суди шаҳри Душанбе ба Истиқлолияти давлатӣ

Ҷиҳати иҷроиши дастури хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ш. Шоҳиён вобаста ба истиқбол намудани ҷашнҳои 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тарғиби нақши Конститутсия ва Пешвои миллат дар эъмори давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва таҳкими давлатидории миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар  суди шаҳри Душанбе корҳои ободонии гирду атрофи бинои суди шаҳри Душанбе ва насб намудани овезаҳои ҷашнӣ гузаронида шуда, ҷиҳати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва шаҳрвандон овезаҳои ҷашнӣ ва парчамҳои давлатӣ ба таври дахлдор овезон карда шуда, корҳои ободонӣ идома дорад.

Суди шаҳри Душанбе