Иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишии ҳармоҳа дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон

Имрӯз, 26 апрели соли 2019 дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо дар соли 2019, ки аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии ҳармоҳа, ки ҳар ҷумъаи охири моҳ муқаррар шудааст, баргузор гардид.

Имрӯз, 26 апрели соли 2019 дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо дар соли 2019, ки аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии ҳармоҳа, ки ҳар ҷумъаи охири моҳ муқаррар шудааст, баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раис, муовини якуми Раис, муовини Раис ва судяҳои суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур мавзуҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Баррасии парвандаҳои оилавӣ доир ба тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон, маърӯзачӣ Азизматзода Х. – судяи суди шаҳри Душанбе;
  • Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳарбӣ марбут ба фирор, маърузачӣ Рустамзода М.Р.- судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе.
  • Таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо, маърӯзачӣ Шарифзода С. – судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
  • Муҳлати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар судҳои марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, маърӯзачӣ Абдуллозода Ҷ. – муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо аз тарафи раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ ва суди шаҳри Душанбе сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар қисмати поёнии семинар аз тарафи Раёсатҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштироккунандагони семинар эълон, муҳокима ва пешниҳодҳо карда шуд.

Баргузории семинар дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинар дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар назар дошта шудааст, ки нимаи дуюми рӯз дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳо дар соли 2019, ки аз ҷониби Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии ҳармоҳа, ки ҳар ҷумъаи охири моҳ муқаррар шудааст, баргузор мегардад. Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешаванд.