Баргузории омӯзиши забони русӣ барои кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе.

05.06.2019 сол

Имрӯз, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабинии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди шаҳри Душанбе, баҳри сайқал додани таҷриба ва малакаи корбарӣ, дар суди шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи кормандон ва дастгирии мутахассисони соҳа омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст, баргузор гардид.

Омӯзиши забони англисӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар як ҳафта се рӯз, яъне рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, бо ташаббуси кормандони суд, охири рӯзи ҳафтаи корӣ, яъне ҷумъа, аз соати 17 то 19 соатҳои забони хориҷӣ эълон шудааст, ки шахсони ба омӯзиши забони хориҷӣ фарогирифта, кӯшиш мекунанд бо забони хориҷӣ гуфтугӯ кунанд.

Омӯзиши занбони русӣ бо ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи славянии Тоҷикистону Россия ба роҳ монда шуд. Омӯзиши забони мазкур ба зиммаи номзанди илмҳои педогогӣ, дотсенти кафедраи забони русии Донишгоҳи болозикргардида – Самадова Ильмира Назришоевна вогузор карда шудааст.

Ҳамзамон кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе миннатдории худро баҳри ташкил намудани чунин машғулиятҳо иброз намуда, қайд намуданд, ки бо дарки масъулиятшиносии баланд забони мазкурро аз худ менамоянд.

Баргузории омӯзмши забони русӣ дар суди шаҳри Душанбе

Баргузории омӯзмши забони русӣ дар суди шаҳри Душанбе (акс аз бойгонӣ)

Суди шаҳри Душанбе