РӮЗИ ЗАФАР МУБОРАК

Тибқи маълумотҳо дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 250 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, 54 нафарашон ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гаштаанд, ки 14 нафарашон тоҷик буда, 18 нафарашон дорандаи ордени «Шараф»-и дараҷаи сеюм мебошанд. 34 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногуни СССР (ИҶШС) мукофотонида шудаанд.
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занони тоҷик ҳам фаъолона иштирок кардаанд. Яке аз онҳо Ойгул Маҳмадҷонова, ки лётчики ҳавопаймоёни бомбаандози шабпарвоз будааст, 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо корнамоӣ нишон додааст. Вай барои қаҳрамонӣ бо ордени Ленин сарфароз гардонида шудааст. Дар рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» таҳти унвони «Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова» мактуби командири ў – капитан В. Лапко чоп шуда будааст, ки дар он чунин навишта шуда будааст:
» Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ў бо пулемёти худ ҳавопаймои қиркунандаи душманро зада ғалтонд ва нишони ў ба ҳавопаймои дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд. Мо батареяҳои фашистонро ба зери оташи беамон гирифтем. Дар ин ҷанг тирандози ҳавопаймои Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул аз китфаш ярадор шуд. Ба рули ҳавопаймо тири тўпҳои зенитии душман расида буд, ба ҳавопаймо ва Ойгул марг таҳдид мекард. Вале фалакпаймо Ойгул бо як муъҷизае ҳавопаймои худро аз оташи душман халос намуда ва онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо шинонд. Комсомолдухтар Ойгул ана ҳамин тавр парвози ҷангӣ кардааст. Шўрои Ҳарбии Фронти Ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени Ленин мукофотонид».
ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД ҲАРКИ НАКӮНОМ ЗИСТ,
АЗ АҚИБАШ ФИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД НОМРО.
ИДИ ҒАЛАБА МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
САФАРОВ ҲИКМАТУЛЛО