РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК

Бо арзи эҳтиром роҳбарият ва кормандони суди шаҳри Душанбе Шуморо ба ифтихори бисту панҷумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик менамояд!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Иди Ваҳдати миллӣ пояи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу осоиш дар кишварамон буда, боис ба эҳёи маънавию иқтисодии ватанамон гардида, масъулияти моро барои ҳаёти имрузу фардои дурахшониТоҷикистон зиёд мегардонад.

Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамаи Шуморо ҳамватанони азиз табрик гуфта, орзуманди он ҳастем, ки дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад.

РОҲБАРИЯТИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ