Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Суди шаҳри Душанбе тамоми мардуми сарбаланди  тоҷикро бо ин рӯзи муборак – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, бароятон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол, сарсабзиву комёбиҳоро дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамояд.
Бо эҳтироми самимӣ,
Суди шаҳри Душанбе
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!