ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ”

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ”

 Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 феврали соли 2019, № 1282
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2019, № 627
ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; с. 2017, №1-2, мод. 8, мод. 9, №5, қ. 1, мод. 297; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1564) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“- доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;”;

сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“- агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;”.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1588