ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с.2010, № 1, мод. 2, мод.5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с.2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с.2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод.707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод.130, мод. 131, мод.132, № 5, мод.359, мод. 361, № 7, мод.613, мод.614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод.9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, № 1659), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Матни моддаи 497 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя нагардидани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ, —
огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, —
ба андозаи аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Дар моддаи 499:
— санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
— санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи аз понздаҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо берун кардан ё бе берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима таъйин карда мешавад.»;
— аз санксияи қисми 3 калимаҳои «ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1700

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2020, № 58

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 31