ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Санаи 14 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои суди шаҳри Душанбе вобаста ба омӯзиши нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ҷамъомад роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Бобохонзода Асомуддин — муовини раиси суди шаҳри Душанбе ҷаласаро кушода эълон дошта, зимни суханронии хеш ҷанбаҳои ҳуқуқии Паёмро шарҳ дод.
Баъд аз ин, судяи суди шаҳри Душанбе Ҳамидзода Г. ба сухан баромада, доир ба мақоми зан-модар дар меҳвари Паём ибрози назар намуданд.
Муҳаммади Сафарзод
корманди дастгоҳи суд