ОИЛА ВА АҲАМИЯТИ ИҶТИМОИИ ОН

Оила яке аз ниҳодҳои асосӣ ва кӯҳантарин дар ҷомеа ба шумор рафта, пайдоиши он тибқи таҳқиқотҳои муҳақиқон 10-12 ҳазорсоларо дар бар мегирад.  Ин ниҳоди ҷамъиятӣ иборат аз муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандӣ буда, дар ташаккули шахс ва рушди ҷомеаву давлат нақши бузург дорад. Оила  ин иттифоқи озод, ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии байни зану мард буда, дар асоси муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода ва идомаи насл ташкил карда шудааст. Яъне, оила ҳамчун рукни ибтидоии ҷамъият моҳиятан коллективи оддитарини одамон, воҳиди ҷамъиятие мебошад, ки ба никоҳ ва хешии хунӣ асос ёфтааст. Умуман, дар оила муносибатҳои хеле гуногуни одамон омезиш меёбанд: муносибатҳои физиологӣ, муносибатҳои молумулкӣ, рӯзғордорӣ, ҳуқуқӣ, муносибатҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ. Ҷомеаро маҳз оилаҳо ташкил медиҳад ва метавон гуфт, ки     оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву таърихӣ хишти аз ҳама асосӣ барои сохтмони ҷомеа мебошад.

Оила иборат аз аъзоён (падару модар, фарзандон, ғ.) аст. Оила ҳамчун рукни муҳими давлату ҷомеа ба худ вазифаҳои хосро дорост. Яке аз маъмултарин вазифаи асосии оила ин тавлиди (таваллуди) насл ва таҷдиди аҳлоӣ аст. Оилаҳоро аз ҷиҳати фарзандорӣ ба серфарзанд, камфарзанд ва бефарзанд гурӯҳбандӣ менамоянд. Функсия ва ё худ вазифаи “Тавлиди насл” вазифаи тарбияи онро бар дӯши оила ба бор меорад.

Мутобиқ гардонии рафтори руҳиву равонӣ ва ҷисмонии насл мутобиқ бо меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ ва анъанаҳои пазируфташдуаи умумиҷамъиятӣ моҳияти тарбияи наслро ташикл медиҳад. Тарбияи насл аз ҷониби оила аз  хурдӣ то ба синни комилҳуқуқӣ ва ё мустақилӣ расидани насл (фарзанд)  давом мекунад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки марҳилаи тарбияи насл маҳз аз оила оғоз гардида, баъди ба синни камолот расидани ӯ хотима меёбад, аммо ин ҳанӯз хотимаёбии қатъӣ нест, зеро, оила чун ниҳоди иҷтимоӣ ва ба вуҷудоварандаи насл дар ҳар  давру замон ва шароити мавҷуда метавонад бо воситаи  ғояҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ ба тарбияи насл таъсир расонад.    Тарбияи дурусти насл дар миёни аъзоёни оила меҳру муҳаббат, самимияту садоқат, эҳтироми ҳамдигарӣ, шафқату вафодориро ба вуҷуд оварда, ин раванд низ ба пешрафти ҷомеа таъсири худро мегузорад. Зеро, ки  оилаи солиму равшанфикр ҷомеаи солиму пешрафтаро ба вуҷуд меорад.      Ҳамин тариқ, оила авваллин мактаби хурдест, ки инсон нахуст муносибат ба ҳаёту зиндагӣ ва муомила бо дигаронро дар он меомӯзад. Рафтору амали худро бо чаҳорчӯбаи муайяншудаи ҷамъиятӣ мутобиқ намуда, ба муносибатҳои умумиҷамъиятӣ чун шахси солиму комил ворид гардида, дар пешрафти ҷамъият ва ҳалли масъалаҳои ҳалталаб  саҳмгузор мешавад.

Бо мақсади таъмини рӯзгори ободу шароити мусоиди зиндагӣ ва ҳаёти солим, оила дорои вазифаи таъминкунии шароити хуби моддиву маънавӣ мебошад. Аъзоёни оила бо ин мақсад бо меҳнати якҷоя ин вазифаи иҷтимоии худро анҷом медиҳанд. Асосан ин вазифаи оила аз ҷониби аъзоёни оила, ки қобилияти меҳнат карданро доранд, анҷом дода мешавад. Давлат низ ба хотири беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати шароити зиндагии оилаҳо ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида, онро роҳандозӣ менамояд. Дастгирии моддии оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробон монда ба гуфтаҳои қаблӣ далел аст.     Худшиносии милливу донистани таърихи гузаштагони бузургон қарзи ҳар як шаҳрванд буда, омӯзиши он аз оила сарчашма мегирад. Маҳз, оила чун ниҳоди таърихӣ пайвандгари наслҳо бо таъриху тамаддун ва фарҳанги миллист. Мисоли ин гуфта, шинохти бобову бибӣ, хешу ақрабҳо, бузургону абармардони аҷдодон аст. Аз нақлу ривоятҳои падару модар фарзанд бузургони гузаштаи худро мешиносанд ва ин нахуст қадами худшиносии миллиро дар замири қалби фарзанд ба вуҷуд меорад.

Оила падидаи бузургест, ки дар ҳифзи фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои ниёгон нақши намоёнро мебозад.  Ҳамин тариқ, оила чун зуҳуроти қадимиву рукни муҳими ҷомеа вазифаҳои бешумор дорад, ки мо ҷузъе аз онҳоро дар боло зикр намудем.

Дар ҷомеаи мо низ оила ҳамчун асоси ҷамъият эълон шуда, ба ҳар кас, ки ба синни никоҳ расидааст, ҳуқуқ ба оила дода шудааст. Ҳамзамон, ҳимояи оила чун рукни муҳими давлат кафолат дода шудааст, ки ин нуқта дар моддаи 14 Конститутсияи кишварамон бо мазмуни зайл мустаҳкам ёфтааст: “Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд…. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.

Тавре дар боло зикр намудем, ки оила ин ҷамъияти хурдест, ки ба тариқи никоҳи давлатӣ баста мешавад ва синни никоҳӣ тибқи қонунгузории оилавӣ аз синни ҳаждаҳсолагӣ муқаррар гардида, дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда суд ҳуқуқ дорад синни никоҳро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

Қобил ба зикр аст, ки қонунгузории оилавӣ ҳолатҳоеро муқаррар намудааст, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд. Яъне, дар сурати мавҷуди ҳолатҳои дар поён овардашуда ақди никоҳ миёни марду зан ба расмият дароварда намешавад. Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 14  Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

-байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;

-байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);

-байни бародарону хоҳарони айнӣ ва угай (ки аз як падар ё модаранд)

-байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;

-байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;

-байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;

-байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд;

-байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;

-байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;

-байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст;

-байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз нушокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст;

Хусусияти манъ будани никоҳи хешу таборӣ миёни издивоҷкунандагон пеш аз ҳама дар он аст, ки он сабаби дар насл пайдо шудани бемориҳои гуногуни ирсӣ мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз никоҳи чунин издивоҷҳо кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодӣ ва кӯдакони аз ҷиҳати равонӣ ва ақлӣ сустинкишофёфта ба дунё меоянд, ки он барои ҷомеа оқибати манфӣ дорад.  Ин ҳолат низ аз нигоҳи илми тиб мавриди  таҳқиқ қарор ёфта, исбот шудааст, ки аз никоҳи хешутаборӣ кӯдакони дорои касалиҳои ирсӣ табобатнопазир ба дунё меоянд. Бо дарназардошти ин асосҳо никоҳи хешу таборӣ қатъиян манъ карда шуд.

Яке аз сабаб ва костагие, ки имрӯз дар институти оила оҳиста-оҳиста хуруҷ карда истодааст ин зӯроварӣ дар он мебошад. Зӯроварӣ дар оила имрӯз проблемаи нигаронкунадаи ҷомеаи башарӣ ва яке аз сабабҳои пош хӯрдани оиладорӣ гардидааст. Истилоҳи “Зӯроварӣ” дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънии ба касе фишор овардани шахс ба шахси дигар маънидод мегардад. “Зӯроварӣ”-ҳамчун кирдори фаъол ва ғайрифаъоли инсон дарк карда мешавад.  Оиди маънии “зӯроварӣ” академик Э.Ф. Побегайло бар он ақидааст, ки  «зӯроварӣ ҳамчун истифодаи ғайриқонунии қувва ба ҳисоб меравад».

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки зӯроварӣ ин рафторест, ки дар он амалҳои шахс баръало ба пахш кардани озодии шахси дигар нигаронида шудааст ва ҳадафи ибтидоии зӯроварӣ дар маҳдуд кардани озодии интихоби шахс зоҳир меёбад.

Бояд қайд намуд, ки дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ  “зӯроварӣ”  ба ду навъ: ҷисмонӣ ва рӯҳӣ тақсим карда мешавад. Зӯроварии ҷисмонӣ ин тавассути қувваи ҷисмонӣ ба шахс зарба задан лату кӯб намудан, буғӣ кардан, ба қатл расонидан ва ғ. мебошад, ки он бевосита аз қувваи ҷисмонӣ сарчашма мегирад. Зӯроварии руҳӣ бошад, ба воситаи таҳқиру тӯҳмат, дашному суханони таҳқиромез ва монанди инҳо амалӣ карда мешавад.

Зӯроварӣ дар оила амале мебошад, ки хосияти манфӣ дорад. Зӯроварӣ дар оила ҳам аз ҷиҳати меъёрҳои ахлоқ ва ҳам ҳуқуқ амали манъшуда ба ҳисоб меравад. Зӯроварӣ дар оила муносибатҳои аъзоёнро бо ҳам сард сохта, меҳру муҳаббату садоқатро аз қалб берун месозад ва ба ҷояш кинаву бадбинӣ ва ҳисси хашмгиниро нисбати якдигар пайдо мекунад.

Зӯроварӣ дар оила падидаи манфӣ ба ҳисоб рафта он ба поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон замина мегузорад. Аслан, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила бештар занон ҳастанд, ки аз ҷониби ҳамсарони худ мавриди лату кӯб, ҳақорату дағалгуфторӣ, азобу шиканҷаи ҷисмониву рӯҳӣ қарор мегиранд. Дар баъзан ҳолат, зӯроварӣ аз ҷониби фарзанд нисбат ба падар, модар ё дигар аъзоёни оила дида мешавад.

Таҳлилҳо собит месозад, ки сабаби асосии қисми зиёди оилаҳои пошхӯрда ин зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан-модар аст. Дигар аз камбудие, ки имрӯз дар муносибатҳои оилавӣ пайдо шудааст ин носозгории навхонадорон ва зуд тасмими ҷудошавӣ ва қатъи ақди никоҳи байни ҳамдигарӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки асоси пошхӯрдани “оила” миёни издивоҷкардаҳои ҷавон ин  надоштани маърифати оиладорӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошад. Зери лату кӯб, таҳқиру дашном ва бераҳмиву бевафоӣ қарор гирифтани зан аз ҷониби шавҳар ва аъзоёни оилаи ӯ яке аз сабабҳои дигари вайроншавии оиладории навхонадорон мебошад.  Қобил ба тазаккур аст, ки оила ва оиладорӣ ҳамон вақт мустаҳкам мегардад, ки маърифати ахлоқии марду зан дар дараҷаи баланд қарор дошта бошад. Рӯ овардан ба фарҳангу суннати ниёгон, аз худкунии маърифати  оиладорӣ, эҳтироми зан-модар, қаноатмандиву вафодорӣ яке аз роҳҳои мустаҳкам нигоҳ доштани оила дар ҳаёт аст.

Бадалзода  Маҳмуд

Судяи суди шаҳри Душанбе

Муҳаммади Сафарзод

Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе