НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 8 феврали соли 2021 дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2020 баргузор гардид.
Дар оғоз аз ҷониби Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2021 ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра мақомоти судӣ дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
IMG_8894.JPGЧунончӣ дар соли сипаришуда аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 134612 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба соли 2019-13419 адад кам мебошад.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 13764 ададро парвандаҳои гражданӣ, 41104 ададро парвандаҳои оилавӣ, 9749 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 49210 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 6989 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 6166 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Дар марҳилаҳои кассатсионию назоратии судҳои болоӣ бошад аз рӯи шикояту эътирозҳо 7630 адад санадҳои судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузашта аз ҷониби судҳо 609 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбати 600 шахс ба маблағи умумии 2599919 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудаст.
Ҳамчунин бобати вайрон кардани талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бошад судҳои ҷумҳурӣ 15002 парвандаро баррасӣ намуда, дар маҷмӯъ нисбати 5929 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 7299 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1176187 сомонӣ таъин карданд.
Баҳри иҷрои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» судяҳо 471 парвандаҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро баррасӣ карданд.
Вобаста ба амалигардонии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» судяҳо 561 адад парвандаҳои хусусияти коррупсионидоштаро нисбати 708 нафар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудаст, 16720 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуда, судяҳо тариқи телевизиону радио дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 3033 маротиба баромадҳо доир намуданд ва дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1366 хабару мақолаҳоро ба нашр расонида, 10431 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Ҳамзамон, шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» 17 барномаи телевизионии «Мурофиа»-ро бо иштироки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳо сабт ва намоиш дода, телевизиони «Ҷаҳоннамо» бошад бо иштироки судяҳо 24 барномаи «Ҳуқуқи Шумо»-ро мустақиман пахш намуд.
Ба ғайр аз ин, бо иштироки раисони судҳо ва судяҳо 51 барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ»-и телевизиони «Ҷаҳоннамо», ки фаъолияти судҳои кишварро инъикос менамояд пешкаши бинандагон гардонида шуд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилоту муассисаҳо ба сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун мусоидат намудаанд, дар маҷмӯъ судяҳо 20472 таъиноти хусусӣ бароварда, 766 ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида, ба мақомоти дахлдор 1194 адад пешниҳодҳоро ирсол намуданд.IMG_8846.JPG
Соли сипаришуда баҳри иҷрои Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби роҳбарияти Суди Олӣ 1909 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Дар соли сипаригашта дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ 287 нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
Бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасогиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаст, аз ҷумла:
– муовинони Раис, раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ, раисони судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки назоратро аз болои фаъолияти судҳои поёнӣ ҷиҳати баррасии ҳаматарафа, пурра, холисона ва саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунию асоснок ва назорати иҷрои онҳо пурзӯр намоянд;
– раёсати таъмини ташкили кори судҳои Суди Олӣ вазифадор карда шуд, ки арзу шикоятҳои нисбат ба фаъолияти судяҳо воридшударо фавран мавриди санҷиш қарор дода, дар хусуси ҳар як ҳолати саривақт баррасӣ накардани парвандаҳо, насупоридани нусхаи санадҳои судӣ, ба суди болоӣ ирсол накардани парвандаҳо аз рӯи шикоятҳои кассатсионию назоратӣ ва ба иҷро нарасонидани санадҳои судӣ ба Раиси Суди Олӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намояд;
– Суди Олӣ, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҳангоми ҳалли парвандаҳои оилавӣ вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро гузаронида, натиҷаи ҷамъбастиҳоро дар машғулиятҳои семинарии судяҳо мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, дар ин хусус ба роҳбарияти Суди Олӣ ахборот пешниҳод намоянд;
– коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо вазифадор карда шуданд, ки тарғибу ташвиқи риояи қонунҳо, оинномаҳои хизматӣ, интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқиро дар қисмҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояту қонуншиканиҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

Манбаъ: Бахши иттилооти Суди Олӣ

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе