Наврӯзи Оламафрӯз рамзи эҳёи табиат!

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии ҷашнӣ бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х., муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд сурат гирифт.

Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х. бо суханони табрикотӣ маҷлиси ҷашниро кушода, эълон намуда, қайд намуданд, ки Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони мо ба шумор рафта, инъикосгари тамаддун ва фарҳанги ниёгони халқи кӯҳанбунёди тоҷик арзёбӣ мегардад.

Наврӯз рамзи эҳёшавии табиат ва пайки шодмониву шодкомӣ дар ҳаёти одамист. Ҷашнгирии Наврӯз, ки дар аснои расму русуми ниёгонамон сурат мегирад, барои таҳкими ҳифзи арзишҳои фарҳангии халқи тамаддунфоарамон заминаи хелле олиро мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз умри дубора ва расми ҷаҳониро касб намуд, ки имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Сипас, муовини якуми раиси суд Қурбонзода К.Р. вобаста ба “Таърихи пайдоиши Наврӯз” Назарзода Х.Н. судяи суди шаҳри Душанбе дар боби “Суннатҳои Наврӯзӣ” маърӯза намуданд.

Раиси суд Зикирзода Л.Х. дар фароварди маҷлис ҳозиринро бори дигар бо Ҷашни Наврӯз табрику таҳният хонда, саломативу хушрӯзгориро барои онҳо орзу намуданд.

 

Муҳаммади Сафарзод

корманди дастгоҳи суд