МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА НОҲИЯҲОИ ОН

Санаи 24 июни соли 2023 дар бинои суди шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ бахшида ба 26 солагии Ваҳдати миллӣ аз намуди тенниси рӯи миз байни кормандони суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дар умум 25 варзишгар, аз ҷумла 16 нафар мард ва 9 нафар зан иштирок намуданд

Мусобиқаи варзишӣ аз ҷониби мувоини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин кушода эълон карда шуда, охирин қайд намуданд, ки  “Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус, имрӯз аст, зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст“.

Дар натиҷа, миёни бонувон корманди суди ноҳияи Сино  — Паҳлавонова Шукорна ҷойи якум, корманди суди ноҳияи Сино Каримзода Мунира – ҷойи дуюм ва корманди суди ноҳияи Фирдавсӣ — Насриддинзода Шоҳсанам- ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Миёни мардон бошад, ҷойи якум судяи суди шаҳри Душанбе Ашурзод Ҷамолиддин, корманди суди ноҳияи Шоҳмансур Сабриддинзода Бахтиёр – ҷойи дуюм ва корманди суди шаҳри Душанбе  Самандари Қаландар – ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз ҷониби роҳбарияти суди шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд.

 

КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ