Мулоқоти кормандони суд бо «Ҳомиёни Ватан»
18 феврали соли 2020 аз ҷониби кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.Н., Аҳмадзода А.Ё., Мирзомуродов М.А., Қурбонхонзода Р. ва Маликзода Н.Ғ. вобаста ба ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрӣ бо «Ҳомиёни Ватан» дар минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеъ, аллалхусус маъюбон, барҷомондагон, ятимон ва бепарасторон мебошад, ки кормандони суд бо «Ҳомиёни Ватан» вохӯрӣ баргузор намуда, ба маъбон бахшида ба 27-умин солгарди Артиши миллӣ 2 адад аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуданд.
Ин иқдоми хайриявии кормандони суд аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва «Ҳомиёни Ватан» мусбӣ пазироӣ гардида, таклиф намуданд, ки чунин иқдомҳои нек аз ҷониби дигар ташкилоту мақомотҳо бештар гардонида шавад.
Суди шаҳри Душанбе.