Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои муштарак мо дар оянда низ рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегиро идома медиҳем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, обӣ-энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои барои кишварҳо судоварро муҳокима карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъи ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, СААД, САҲА, ИДМ, СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.