Мулоқот бо Президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Ҷеймӣ Флай

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дархости роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кушишҳо ба харҷ дода мешавад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид гардид, ки хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дуруғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунад, ҳол он, ки дар баъзан аз кишварҳои собиқ шуравӣ фаолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст.

Дар кишвар беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қаътиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб карданд, ки дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд.

Хабар аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе