МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 31 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Санаи 29 августи соли ҷорӣ дар суди шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода М.Қ. муовинони Раиси суд Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур аввалан Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. хозиринро бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда нақши ҳокимияти судиро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ таҳлил намуданд.
Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла, судя Раҷабзода С. дар мавзӯи “Истиқлолияи давлатии Тоҷикистон ва рушди ҳокимияти судӣ”, судя Нарзуллозода Ш.Н. дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои миллӣ”, кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Аъзамова Ф. вобаста ба “Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳоқимияти судӣ”, Ҳукумзода А. вобаста ба мавзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давраҳои таърихии ба даст овардани он” ва дар охир сардори шуъбаи умумии суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д. вобаста ба мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.