МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ 26 СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 15 июни соли 2023 дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба ҷашни бисту шашумин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода Мирзоисмон, муовини якуми раис Давлатзода Саидраҳмон, муовинони раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аввалан Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. ҳозиринро бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, вобаста ба ин воқеаи муқаддаси таърихӣ суханронӣ намуда  изҳор намуданд, ки «Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат — миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд.  Имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.  Мо — тоҷику тоҷикистониёни ҷаҳон бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ- муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаи худ Ватани азизамон Тоҷикистонро боз ҳам обод зеботар  гардонем.»

Сипас, дар идомаи суханронӣ  судяҳо Абдулғанизода А., Юсуфзода М. ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қ., Абдулхайрзода Ҷ., Давлатқадамов С., Назирмадзода Д. ва Сафаров Ҳ.  суханронӣ намуданд.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Давлатқадамов Саидқоим