Машғулияти семинарӣ дар Суди Олии ҶТ ва муҳокимаи Паёми Президенти ҶТ

Имрӯз, 29 январи соли 2021 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ ва машғулияти семинарӣ бо иштироки муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Исҳоқӣ А., Раҳмонзода С.С., раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ., Ализода Ш., Муродзода Б., Азиззода З.Н., Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., раисони суди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе, муовинони раис ва судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, И.Сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи корӣ нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 январи соли ҷорӣ ироа гардид, баррасӣ гардид. Сараввал судяи Суди Олӣ Ваҳобзода Ш. вобаста ба Паёми роҳбари давлат баромад намудаанд. Минбаъд роҷеъ ба иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои дар доираи паём баёншуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар машғулияти семенарии ҳармоҳаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ҳарби гарнизони Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2021» сараввал муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин дар мавзӯи «Таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ марбут ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта (моддаҳои 179-179 прим 3, 307 прим 1, 307 прим 4-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) баромад кард ва нисбат ба баромади мазкур судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ғуломзода С. хулоса доданд.

Баъдан, баромади судяи суди шаҳри Душанбе Ҷобирзода С.Ҳ. дар мавзӯи «Санадҳои судӣ, фармон, таъинот, ҳалнома ва қарор» манзури ҳозирин карда шуд ва ба он аз ҷониби раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қодирзода Т.Қ. хулоса дода шуд.

Минбаъд дар давоми машғулияти семинарӣ судяи суди шаҳри Ваҳдат — Муминзода И.М. ва судяи суди шаҳри Ҳисор — Шарифзода М.З. дар мавзуҳои дар нақша пешбинигардида баромад намуданд.

Сипас, аз ҷониби раисони коллегияҳои судии суди шаҳри Душанбе ва раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ баромадҳо карда, вобаста ба ин хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе