Маърифати ҳуқуқӣ — заминаи асосии пешгирии ҷинояткорист!
Тибқи нақша чорабиниҳои дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе санаи 11 апрели соли равон намояндагон аз суди шаҳри Душанбе — судяҳо Бадалзода М.М., Вализода Т., Қурбонализода М., корманди дастгоҳи суд Муҳаммади Сафарзод бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии маҳбусони муассисаи ислоҳии ¾ СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таҳкими қонуният ва риояи он вохӯрии судманд доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳозирин аз ташаббуси шоистаи инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд” ибрози сухан намуданд.
Ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳё, меҳру муҳаббат ба инсоният ба шумор меравад дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстонаи хеш дар асоси фармон аз 20 марти соли 2025 №1009 “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд” ҷазои 897 нафар маҳкумшударо бахшиданд, ки ин ба ҳар як оилаи маҳкумбуда, ҳадяи бузург ба шумор рафта, хурсандии бепоёнро ба онҳо ва ба ҳар як шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшид, қайд намуд судяи суди шаҳри Душанбе Бадалзода Маҳмуд.
Ҳамин тариқ, ҳозирин доир ба масъалаҳои “Риояи талаботи Қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва дар ин замина даст назадан ба амалҳои ҷинояткорона бо доираи маҳбусони муассиса сӯҳбат оростанд.
Муҳаммади Сафарзод
Корманди дастгоҳи суд