Ба чоп расидани мақолаи кормандони суд дар рӯзномаи “Садои мардум”

Механизми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак

Дар рӯзномаи “Садои мардум” таҳти №58 (4008) аз 23.05.2019 сол мақолаи кормандони суди шаҳри Душанбе, судяи суди шаҳри Душанбе Раҳмонзода М. ва корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Абдулхайрзода Ҷ. ба мазмуни зайл ба чоп расид:

Он чӣ гуна бояд амалӣ гардонида шавад?

ываываМеханизми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ба сифати низоми томи фаъолияти ҳамоҳангии давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, коркард ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдак, бо мақсади ташкили муҳити солим барои инкишофи пурра ва муътадили шахсият, инчунин мусоидат баҳри мустаҳкам намудани онҳо дар қонунгузории миллӣ  амалӣ шуда истодааст.

Айни ҳол муҳофизати байналмилалии кӯдакон низоми амалҳои муттафиқонаи давлат ва созмонҳои ғайридавлатиеро ифода мекунад, ки ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак ва мусоидат ба иҷрои онҳо дар қонунгузории миллӣ, инчунин ба расондани кумакҳои байналхалқӣ ба кӯдакони мамлакатҳои дар ҳоли рушд равона карда шудаанд. Асоси ин муҳофизат шартномаҳои байналхалқӣ, конвенсия ва созишномаҳо мебошанд. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак бо Ассамблеяи генералии СММ аз соли 1989 қабул гардид. Ҳуҷҷатҳои зайл аз ин санад пештар ба тасвиб расида буданд: Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак аз соли 1924, Оинномаи СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аз соли 1948, Созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон аз соли 1966 ва ғайра. Қувваи қонунӣ гирифтани Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак (соли 1990) нуқтаи авҷи муборизаи қариб 70 — сола барои он  гардид, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ талаботи махсус ва заъфияти кӯдаконро эътироф намояд.

Механизми байналхалқии таъмини ҳуқуқи кӯдак назорати ҷомеаи байналмилалиро тавассути мақомоти махсус ҷиҳати иҷрои давлатҳо ба уҳдадорӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдакро нишон медиҳад. Соли 1946 Комиссияи махсус ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) таъсис ёфтанд. Бо масоили ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаҳои алоҳида муассисаҳои зерини махсусгардонидашудаи СММ машғул мебошанд: Ташкилоти байналмилалии кор, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, фарҳанг ва таҳсил.

Мутобиқи моддаи 43 — и Конвенсия Комитет оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис ёфт. Давлатҳои аъзо уҳдадоранд, ки тавассути баромад дар бораи ҳолат ва рушд дар соҳаи муҳофизати ҳуқуқҳои кӯдакон ба он маълумот пешниҳод намоянд.

Яке аз механизмҳои асосии ҳимояи ҳуқуқҳо дар сатҳи аврупоӣ Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон (САҲИ) мебошад. Конвенсияи Аврупо оид ба муҳофизати ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз давлатҳо талаб менамояд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо барои ҳар як инсон кафолат диҳанд ва ба САҲИ ваколати назоратӣ. Аз ин бармеояд, ки ҳар шахс, аз ҷумла ҳар як кӯдак, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои дағалона вайроншуда ва манфиатҳои қонунӣ ҳақ дорад ба САҲИ муроҷиат бикунад. Маъмулан, шикоятро ба Суди Аврупо волидайни кӯдак медиҳанд, лекин агар бо сабабе имконнопазир бошад, кӯдак метавонад аз хизмати адвокат (ёрии ҳуқуқӣ) ё ташкилоти ҷамъиятӣ истифода барад. Дар яке аз қарорҳо суд махсус қайд менамояд, ки мувофиқи Конвенсия, ноболиғ ҳуқуқ дорад бо ариза ба суд муроҷиат кунад.

Маҷмӯан, дар Суди Аврупо парвандаҳо дар бораи муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон ба муқарраркунии парасторӣ бар кӯдак, тамос бо волидайн ва хешу табори дигар, инчунин ҳуқуқ ба эҳтиромгузории ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, роҳ надодан ба ҷазодиҳии ҷисмонӣ ва ҳуқуқ  ба таҳсил дахл доранд.

Бояд тазаккур дод, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба ташаккули қонунгузорӣ дар соҳаи ҳимояи кӯдакон таъсири бевосита мерасонад, ҳамчун пойдевори шаклгирии муносибатҳои ҳуқуқӣ хизмат мекунад ва яке аз самтҳои афзалиятноки функсияи иҷтимоии давлат мебошад. Метавон қайд намуд, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар марҳилаи ибтидоии ташаккул қарор дорад. Он дар пеши қонунгузорон вазифаи ташаккули қонунгузориро мегузорад. Бояд гуфт, ки ин кор ба муҳофизати максималии ҳуқуқҳои кӯдак дар Тоҷикистон дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Аммо институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар марҳилаи кунунии ташаккули Тоҷикистон бояд қисмати зиёди базаи ҳуқуқиро иваз намояд. Бояд маҳз аз унификатсияи намунаи аврупоӣ оғоз кард.

Дар марҳилаи кунунӣ ба Тоҷикистон роҳандозии фазои ҳуқуқии иттилоотӣ оид ба маърифатноксозии шаҳрвандон, инчунин мусоидат ба мустақилияти созмонҳо ва омбудс­менҳо зарур аст.

М. РАҲМОНЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе, 

Ҷ. АБДУЛХАЙРЗОДА, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе