МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА 32 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 7 сентябри соли 2023 дар толори суди шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Зикирзода Лоиқ, муовини якум Давлатзода Саидраҳмон, муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аввалан Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ хозиринро бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард”.
Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла, муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин дар мавзӯи “Истиқлолияи давлатии ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, судя Насруллозода Сайёда дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои миллӣ”, кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Абдулхайрзода Ҷамила вобаста ба “Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳоқимияти судӣ”, Самандари Қаландар вобаста ба мавзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давраҳои таърихии ба даст овардани он” ва дар охир сардори шуъбаи умумии суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Даврон вобаста ба мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ