Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модарон

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва собиқадорони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Модарон баргузор гардид.

Дар маҷлис собиқадорони суди шаҳри Душанбе Шамсиддинова Муҳаббат, Қурбонова Моҳбӣ, Абдуллозода Гулнисо ва Ҳасанзода Машҳура, ки солҳои тӯлони ба ҳайси судяҳои суди шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудаанд, даъват гардидаанд. Сараввал ҳозиринро Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. табрику муборакбод намуда, ба кулли модарон ва занон таманниётҳои некро аз номи худ ва коллективи суди шаҳри Душанбе иброз намуданд.

Ҳамзамон судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.А., Раҷабалӣ Аҳтам, Сафарзода Қ., кормандони дастгоҳи суд Назирмадзода Д.Н. ва Самандари Қ. ҳозиринро бо Рӯзи Модарон табрик намуданд.

Инчунин, ба маҷлиси мазкур Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғ. ташриф намуда, бахусус собиқ судяҳоро табрику муборакбод намуда, ба кулли занон ва модарон таманниётҳои некро аз номи худ ва коллективи суди ноҳияи И. Сомонӣ иброз намуданд.

Дар охир роҳбарияти суди шаҳри Душанбе ҳамаи занон ва модаронро бори дигар муборакбод намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе