Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»

Имрӯз, 26 октябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» доир гардид. Маҷлиси тантанавиро раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. кушода, ҳайати суд ва дар симои онҳо тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти судиро бо ин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуда, ба онҳо таманниётҳои неки худро орзу намуданд. Раиси суд дар баромади худ қайд намуданд, ки пас аз ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 02.01.2018 сол таҳти № 1480 26 октябр – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» муқаррар карда шудааст.

Суд дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимият эътироф  карда шудааст, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Дар маҷлиси тантанавии суди шаҳри Душанбе муовини якуми раиси суд Холиқмуродзода Д.А., муовинони раиси суд Бобохонзода А. ва Саидзода М.Ф., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Сипас, муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А., муовинони раис Бобохонзода А. ва Саидзода М.Ф. ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуда, таманниётҳои неки худро иброз намуданд. Баъдан судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А., Раҷабали А., Амонзода Н., Ҳафиззода Т., кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Абдулхайрзода Ҷ., Самандари Қ. ва Назирмадзода Д.Н. баромадҳои табрикотӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар маҷлиси тантанавии мазкур аз ҷониби раиси суди шаҳри Душанбе кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанберо, ки пас аз гузаштани озмун ба вазифаҳои холии хизматӣ давлатии суди шаҳри Душанбе ба кор қабул гардиданд, шинос намуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо муваффақиятҳо иброз намуд.

Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе

Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Баромади судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.

Судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.

Судяи суди шаҳри Душанбе — Раҷабали А.

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Судяи суди шаҳри Душанбе — Амонзода Н.

Судяи суди шаҳри Душанбе — Ҳафиззода Т.

Корманди дастгоҳи суд — Абдулхайрзода Ҷ.

Корманди дастгоҳи суд — Самандари Қ.

Корманди дастгоҳи суд — Назирмадзода Д.Н.

Баромади Муовини якуми раиси суд — Холиқмуродзода Д.А.

Муовини раиси суд — Бобохонзода А.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС