Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 27 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи судии Суди шаҳри Душанбе

 Рӯзи 04 ноябр дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 27 -умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини якуми раис Холиқмуродзода Д.А., муовинони раис Бобохонзода А., Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ.  оғоз намуда, аввалан ҳозиринро бахшида ба 27 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, баъдан оиди муҳимияти қабули санади мазкур ва нақши он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ хотирнишон намуданд. Дар идомаи маҷлис кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қ. ва Наҷмудинзода О.Н. баромад намуда оиди нақши Конститутсия дар ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои шахс, ташкилоту муассиса ва давлат, инчунин дар бораи афзалиятҳои Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Суратгузоришҳо аз ҷараёни баргузории маҷлиси тантанавӣ.

 

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Давлатқадамов Саидқоим