МАҶЛИСИ СЕМИНАРӢ ВОБАСТА БА ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Душанбе бо супориши Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Лоиқ Хурсандқул ҷаласаи омӯзишӣ-семинарӣ вобаста ба омӯзиш ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур  Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х., муовини якум Давлатзода С., муовинони раис Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд. Семинар-омӯзишии мазкур аз ҷониби намояндаи КВД бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳосиби пешбари Идораи танзим ва назорати МХБ-ҳо Ибодов Нурали Хасанович гузаронида шуд.

Ибодов Н.Х. тамоми ҷабҳаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»-ро ба ҳозирин таҳлил намуда, қайд намуданд, ки «Таҳлили вазъи низоми бонкӣ далели он аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омодаанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ, шабакаҳои терминалӣ ва дигар роҳу усулҳои хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ба роҳ монанд».

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ