Баргузор гардидани Раёсати суди шаҳри Душанбе дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 28 октябри соли 2021 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе – Гиёзода М.Қ., муовинон ва судяҳои суди шаҳри Душанбе, ҳамчунин раисон, муовинон ва судяҳои суди ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва И.Сомонии шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.    

Дар маҷлис масъалаи ҷамъбастии фаъолияти судҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва И.Сомонии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 муҳокима гардид. Маҷлиси Раёсатро Раиси Раёсат, Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ.  кушода эълон намуд. Баъдан маърӯзаҳои муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Саидзода М. оид ба натиҷаи ёрии амалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А. оид ба фаъолияти суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. оид ба фаъолияти  суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва нимсолаи аввали соли 2021 шунида шуд. Пасон раисони судҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо музокираҳо баромад намуданд.

Аз натиҷаи масъалаҳои дар маҷлиси Раёсат муҳокимагардида қарор қабул гардид.

Суратлавҳа аз ҷараёни баргузории маҷлиси Раёсати суди шаҳри Душанбе.

Баромади муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.

Баромади муовини  Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе    Давлатқадамов Саидқоим