БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи 01 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси суди шаҳри Душанбе – Гиёзода М.Қ., аъзоён Бобохонзода А., Саидзода М., Абдулғанизода А. ва Ҳамидзода Г.Ю. бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Ш., судяҳои суди шаҳри Душанбе,  раисон, муовинон ва судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе  дар давоми нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Маҷлиси Раёсатро Раиси Раёсат, Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ.  кушода эълон намуд. Баъдан маърӯзаҳои муовини Раиси суди шаҳри Душанбе  Саидзода М. оид ба ҳисоботи нимсолаи якуми соли 2022 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе, судяи суди шаҳри Душанбе Ҳафиззода Т. оид ба ҳисоботи нимсолаи якуми соли 2022 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе, муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. оид ба ҳисоботи нимсолаи якуми соли 2022 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва судяи суди шаҳри Душанбе Шӯҳратзода У. оид ба ҳисоботи нимсолаи якуми соли 2022 ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе шунида шуд. Пасон раисони судҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳо дар нимсолаи якуми соли 2022 бо музокираҳо баромад намуданд.

Аз натиҷаи масъалаҳои дар маҷлиси Раёсат муҳокимагардида қарор қабул гардид.

Суратгузоришҳо аз ҷараёни баргузории маҷлиси Раёсати Суди шаҳри Душанбе

 

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе 

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ