Маҷлиси ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 16 ноябр дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А., муовинони раис Бобохонзода А., Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маҷлиси ҷашниро муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Холиқмуродзода Д.  кушода эълон намуда, аввалан ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, баъдан оиди нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ибрози ақида  намуданд.  Дар идомаи маҷлис мазкур судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А. оиди хизматҳои шоҳиёни Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда аз ҳодисаҳои мудҳиши таърих ёдоварӣ намуданд.

Судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.

Дар идомаи маҷлис кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қ. дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат”,  Наҷмудинзода О.Н.  дар мавзӯи “Нақши Президенти кишвар дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” ва Назирмадзода Д.Н. дар мавзӯи “Пешвои ман, ифтихори ман” баромад намуда паҳлуҳои гуногуни  мавзӯи мазкурро таҳлил намуданд.

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории маҷлиси тантанавӣ.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қ.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Наҷмуддинзода О.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.

Судяҳо ва кормандони суди шаҳри Душанбе

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Давлатқадамов Саидқоим