МАҶЛИСИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 16 ноябри соли 2023 дар толори суди шаҳри Душанбе маҷлиси ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Зикирзода Лоиқ, муовини якум Давлатзода Саидраҳмон, муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аввалан  Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ хозиринро бахшида ба ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ ва шахсияти мондагор суханронӣ намуда, қайд карданд: «Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастгирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли зиёда аз 30 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд.»

Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судяи суди шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Давлатзода Саидраҳмон, кормандони дастгоҳи суд Юсуфзода Қубод, Муҳамади Сафарзод, Самандари Қаландар вобаста ба паҳлуҳои гуногун шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар қисмати хотимавии маҷлиси тантанавӣ бо фармоиши Раиси суди шаҳри Душанбе таҳти №10 аз 16.11.2023 судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода Абдулмонеъ ва Юсуфзода Маҳмадалиро барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти намунавӣ ва хизматҳои шоиста дар ҳокимияти судӣ, ҳамчун судяи фахрии суди шаҳри Душанбе ба муносибати рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ