Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рӯзи 11 октябри соли 2021 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии ин масъала таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда мебошад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд.
Солҳои охир маҳз бо иқдом ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи роҳсозӣ бомаром рушд намуда, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд.
Дар соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 183132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 35926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.
Ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.
Инчунин дар лоиҳаи Қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ: Сомонаи расмии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Parlament.tj